ноумед — [نااميد] 1. умеду орзуяш бар бод рафта, навмед, маъюс; муқоб. умедвор; ноумед гаштан(шудан) умедро кандан, маъюс шудан; ноумед кардан касеро маъюс гардонидан 2. бечора, ба мурод нарасида, ба таври навозиш берӯзӣ … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
навмедӣ — [نوميدي] ниг. ноумедӣ; бо навмедӣ ноумедона, умедро канда; ба навмедӣ андохтан маъюс кардан, ноумед кардан (касеро); ба навмедӣ афтодан ноумед шудан, маъюс гаштан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
маъюс — [مأيوس] а. ноумедшуда, ноумед; навмед; дилшикаста; маъюс шудан ноумед шудан; рӯҳафтода шудан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
армон — [ارمان] орзу, ҳасрат; аз ҷаҳон ба армон рафтан орзуҳо амалӣ нагардида фавтидан, ноумед аз дунё гузаштан; ба дил армон доштан ҳасрате доштан; дар дил армон намондан ҳамаи орзуҳо амалӣ гардидан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
афтодан — (афтидан) [افتادن // افتيدن] 1. аз боло ба поин бо зарб омадан, ғалтидан; суқут кардан 2. аз по даромадан, хобидан (ба сабаби беморӣ, мондагӣ ва ғ.) 3. поин шудан, овезон гаштан, кашол шудан 4. рехтан, боридан 5. ҳамчун ҷузъи таркибии феълҳои… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
бадбин — [بدبين] 1. он ки ба касон бо назари бадхоҳона менигарад, бадхоҳ 2. касе, ки ба ҳар рӯйдоди зиндагӣ ва ба оянда бо назари бад ва ноумедӣ менигарад ва дунёро пур аз бадбахтӣ, яъс медонад; муқоб. хушбин; маъюс, навмед … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
гусастаумед — (гусистаумед) [گسسته اميد] кит. умедканда, ноумед: гусастаумед шудан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
дил — [دل] 1. узви марказии низоми гардиши хуни одам ва ҳайвон, ки ҳаракати хунро идора мекунад, қалб; дили бемор дили касал, дили дардманд 2. маҷ. марказ, васат, миён, дарун: дили мамлакат, дили кӯҳ; дили санг мағзи санг, миёни санг; дили шаб ними шаб … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
дилсард — [دلسرد] бешавқ, берағбат, бемайл, дилхунукшуда; бепарво ба касе ё чизе; дилсард шудан аз касе ё коре рӯй гардонидан аз касе ё коре; маъюсу ноумед шудан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
кандан — [کندن] 1. кофтан, ҳафр кардан, кофта чуқур ё ковок кардан; кофта гирифтан (мас. заминро); чоҳ кандан а) заминро кофта чуқур кардан барои баровардани об; б) киноя аз қасди бад кардан 2. ҷудо кардан; чида гирифтан (мас., ҳосили дарахтеро): гул… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ